Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Давлати Исроил ва Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол менамояд.
Тоҷикистон умед бар он дорад, ки ин созиш ба ҷанге, ки бо нақзи тамоми ҳуқуқи байналмилалӣ оғоз шуда буд, хотима мебахшад ва барои сулҳи пойдор дар Ховари Миёна заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.