Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ

26.06.2025 18:21

 

26 июни соли 2025 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад бахшида ба 28-умин солгарди Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин кормандони Вазоратро ба муносибати фарорасии ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният гуфта,  саҳми бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин равандҳои таърихӣ, барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар ва боло рафтани обрӯю эътибори байналмилалии он қайд намуд.

Таъкид карда шуд, ки бо талоши шабонарузии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи ҳашт даври гуфтушунидҳо дар давоми се сол, 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.

Қобили зикр аст, ки таҷрибаи сулҳи мо, тоҷикон, дар таърихи навини башар бесобиқа буда, он мавриди омӯзишу истифодаи аксар кишвару созмонҳои байналмилалӣ қарор гирифтааст.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим