Супоридани Эътимоднома ба муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ

01.07.2025 17:00

 

1 июли соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин намояндаи доимии навтаъйини  Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид (БРСММ)  дар Тоҷикистон Судипто Мукерҷиро ба муносибати супоридани эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқоти баъд аз маросими супоридани эътимоднома доиргашта муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ С. Мукерҷиро бинобар ба вазифаи нав таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ ҷиҳати таҳким ва боз ҳам густариш додани муносибатҳои Тоҷикистон бо БРСММ ва пешбурди фаъолияти касбиаш комёбиҳо орзу кард.

 

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим