7 июли соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО (ш. Париж) маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ бо иштироки 21 кишвари узви Кумита, кишварҳои узви ЮНЕСКО ва бо суханронии Дабири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле расман оғоз гардид.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш ширкат варзида, масъалаҳои марбут ба ҳифз ва таҳкими мероси фарҳангӣ ва табиии ҷаҳонро пайгирӣ менамояд.
Ин ҷаласа пойгоҳи муҳимме барои табодули таҷриба, тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди иқтидорҳои миллӣ дар соҳаи ҳифзи мерос ба ҳисоб меравад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan