Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Испания

23.01.2024 11:00

Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Испания

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания 4 августи соли 1992 барқарор шудаанд.

Сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Испания дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хорхе Урбиола Лопес (бо иқоматгоҳаш дар ш. Нур-Султон) мебошад.

Соли 2007 вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания Мигел Ангел Моратинос дар давраи раисии Испания дар САҲА ба Тоҷикистон ташриф овард ва бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот кард.

18 июли соли 2010 зимни сафари навбатии вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания Мигел Моратинос ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари мулоқотҳои сатҳи баланд ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Испания ба имзо расид.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаҷми тиҷорати дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Испания дар 8 моҳи соли  2023 – 3775,0 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод, ки аз он 480,4 содирот ва 3294,6 воридот мебошад.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Испания дар ҳоли ташаккул қарор дорад ва танҳо Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Испания (18.07.2010) имзо шудааст.

 

  Ноябр, 2023

Нигористон

Тақвим