29 июли соли 2025 вохурии сафир Содиқ Имомӣ бо вазири оила ва хизматҳои иҷтимоии Туркия Моҳинур Оздемир Гокташ баргузор гардид.
Зимни вохурӣ масъалаҳои мубодилаи таҷриба ва таҳкими ҳамкорӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳоли мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамзамон муҳимияти оила қайд гардида, сафир иттилоъ дод, ки дар даврони истиқлолият дар Тоҷикистон мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan