Мулоқоти вазир бо котиби давлати Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия

05.08.2025 15:40

05.08.2025.15.39.jpg

5 августи соли 2025 дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар ҳошияи Конфронси сеюми СММ оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC3) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия Йозеф Шеллҳорн баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои афзалиятноки рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла густариши минбаъдаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамсуҳбатон рағбати худро барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим