10 октябри соли 2016 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов дар ҷаласаи Кумитаи дуюми Иҷлоси 71-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба рушди устувор суханронӣ намуд.
Намояндаи доимӣ зимни суханронӣ таваҷҷуҳи ҳозиринро ба мушкилоте, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ноилшавӣ ба рушди устувор рӯбарӯ мешавад, аз ҷумла ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба об ҷалб намуд. Намояндаи доимӣ зарурати таҳкими ҳамкориҳоро дар чаҳорчӯби СММ ҷиҳати коҳиши хавф ва оқибатҳои офатҳои табиӣ таъкид намуд.
М. Маҳмадаминов обро ҳамчун ҷузъи асосии рушд арзёбӣ намуд ва қайд кард, ки дар ин самт пешрафти қобили мулоҳиза дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ба даст омадааст. Тазаккур дода шуд, ки раванди пешбарии лоиҳаи қатънома оид ба Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор 2018-2028» оғоз шуда, санади мазкур рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод хоҳад гашт.
