11 октябри соли ҷорӣ дар бинои Дафтари СММ дар шаҳри Женева ифтитоҳи расмии намоишгоҳи миниатюрҳои рассоми шинохтаи Тоҷикистон Олим Камолов, инчунин намоишгоҳи суратҳои табиати нотакрори кишвари мо баргузор гардид.
Намоишгоҳи мазкур бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Намояндагӣ ташкил шудааст.
Дар чорабинии мазкур роҳбарияти Дафтари СММ, намояндагони сатҳи баланди ташкилотҳои байналмилалӣ воқеи шаҳри Женева ва корпуси дипломатии кишвари иқомат ҳузур доштанд.
Намоишгоҳ бо сухани ифтитоҳии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева Ҷ. Ҳомидов оғоз гардида, дар он дастовардҳои кишвар дар даври истиқлолият ва сайъю кушишҳои роҳбарияти давлат ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи кишвар таъкид карда шуд.
Зимни намоишгоҳ инчунин зиёфати расмӣ бо пешниҳоди таомҳои миллии кишвар пешкаши меҳмонон гардид.
