12 октябри соли 2016 дар қароргоҳи Бонки Ҷаҳонӣ бахшида ба 20- солагии ҳамкориҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва 25-умин солгарди истиқлолияти кишварҳои минтақа намоишномаи асарҳои рассомон ва экспонатҳои фарҳангӣ баргузор гардид. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ШМА барои барпо намудани гӯшаҳои фарҳангии кишвар дар чорабинӣ ва барпо намудани намоишномаи нигораҳои рассомони тоҷик Комил Ёдгоров, Акмал Миршакар, Аъзам Отахонов ва Фаррух Неъматзода ба Бонки Ҷаҳонӣ мусоидат намуд.
Зимни чорабинӣ Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ Cирил Мюлер суханронӣ намуда, оид ба ҳамкориҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо кишварҳои минтақа дар ин давра маълумот дода, ҷиҳати мусоидат дар баргузории намоишгоҳ ба намояндагиҳои дипломатии минтақа изҳорӣ миннатдорӣ баён намуд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур то санаи 28 октябри дар толори Ҷэймс Волфенсони Бонки Ҷаҳонӣ идома хоҳад ёфт.