14 октябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи якҷояи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Ереван ширкат намуд.
Дар рафти ҷаласа, ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориҳоро дар чорчӯбаи СААД мавриди муҳокима қарор дода, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ қарорҳои дахлдор қабул карданд.
