17 октябри соли 2016 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳаш дар ш.Тошканд) ҷаноби Эдгарс Бондарсро ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Латвияро мавриди муҳокима қарор дода, дурнамои рушди муносибатҳои ду кишварро баланд арзёбӣ намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҳамчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн баррасӣ гаштанд.
