4 сентябри соли 2025 дар шаҳри Путраҷаяи Малайзия даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини вазири корҳои хориҷӣ Шарифзода Фаррух ва ҳайати Малайзияро муовини вазири корҳои хориҷӣ Дато Аҳмад Розиан Абду Ғанӣ роҳбарӣ намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуда, оид ба масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.
Машваратҳо дар рӯҳияи созанда сурат гирифта, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Малайзия мусоидат хоҳанд кард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan