Мулоқоти Сафир бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ

16.10.2016 13:46

16 октябр Сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо донишҷӯёни тоҷик ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара таҳсили илм ва кору зиндагӣ мекунанд, мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 25 соли истиқлоли давлатӣ ва нақши Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоли мо дар роҳи сулҳоварию ваҳдатофарӣ, созандагию ободгарӣ, таъмини рушди босубот ва дар маҷмуъ давлатсозии миллати сарфарози тоҷик, ки таҳти раҳбарию раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён мегирад, суҳбати ҷолиб сурат гирифт.

Зимни суҳбат аз ҷавонони тоҷик даъват карда шуд, ки бо истифода аз донишҳои худ дар бораи талаботи воқеии дини мубини ислом ба қадри имкону қудрат дар таҳкими сулҳу суботи Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи пешгирии ҷавонону наврасони ноогоҳ аз гумроҳию фирефташавӣ ва гирифтор шудан ба доми ҳизбу ҳаракатҳои ифротию террористӣ, саҳми намоёну арзанда гузоранд.

Ҳамчунин ба муносибати 25-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва наздик шудани Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон барои аҳли маҳфил аз ҷониби Сафорат дастурхони идонаи тоҷикӣ ороста шуд.

Нигористон

Тақвим