Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка

01.03.2013 10:10

Муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 14 феврали 1992 барқарор гардиданд. Моҳи марти ҳамон сол Сафорати ИМА дар Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Қазоқистон) кушода шуд.  Сафири Фавқулода ва Мухтори ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм (15 марти соли 2019) мебошад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вашингтон аз соли 2002 фаъолият менамояд. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим мебошад.

Дар таҳкими муносибатҳои сиёсӣ сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Америка дар соли 2002 ва мулоқот бо ҳамтои америкоӣ Ҷорҷ Буш, ки зимни он ислоҳоти сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Тоҷикистон, масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир матраҳ гардиданд, нақши муҳим бозид.

Ба тақвияти муносибатҳои дуҷониба сафарҳои котибони давлатии ИМА Ҷеймс Бейкер, Кондолиза Райс, Ҳиллари Клинтон  ва Ҷон Керри ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА машваратҳои сиёсиро ба сифати абзори муҳим барои тақвияти муносибатҳои фарогир истифода мебаранд.        

То кунун ҷонибҳо 34 санадро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба имзо расониданд. Аз ин миқдор 22 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил мекунанд.

Ҳамкориҳои мо дар бахши иқтисодӣ, соҳаҳоеро дар бар мегирад, ки дар татбиқи стратегияи миллии рушд мусоидат менамояд.

Аз ҷониби ИМА якчанд барномаи омӯзишӣ дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, аз ҷумла «Эдмонд Маски», «Фулбрайт», «Флекс», барномаи тадқиқотии «Кокран» ва барномаи иқтисодии «САБИТ». Мувофиқи барномаҳои мазкур, Ҳукумати ИМА ҳар сол ҷавонону олимони тоҷикро барои донишомӯзӣ ба ИМА даъват менамояд.

8 майи соли 1987 Созишнома оид ба бародаршаҳрӣ байни шаҳрҳои Душанбе ва Боулдер ба имзо расид. Соли 1997 сохтмони чойхона дар шаҳри Боулдер ва соли 1998 маросими расмии ифтитоҳи он сурат гирифт. Шаҳри Боулдер, аз ҷониби худ, ба шаҳри Душанбе “Маркази дӯстӣ-Интернет кафе”-ро тақдим намуд.

Ҷумҳури Тоҷикистон ва ИМА ҳамкориҳоро дар қолаби С5+1 (ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) низ ба роҳ мондаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА дар доираи Созишномаи сиғавӣ байни ҳукуматҳои ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба рушд дар соҳаи тиҷорат ва сармоягузорӣ (ТИФА), ки 1 июни соли 2004 дар Вашингтон ба имзо расид, ҳамкорӣ менамоянд.

Нигористон

Тақвим