18 октябри соли 2016 дар ш.Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои исломӣ вохӯрии дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Идрисов баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот масоили васеи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон, инчунин дурнамои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо, инчунин оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҳамкориро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
