Вохӯрӣ бо Сафири Туркия

18.10.2016 17:44

18 октябри соли 2016 вохӯрии Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Кёксал баргузор шуд.

Дар мулоқот масъалаҳои густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуданд. Дар ин замина роҷеъ ба роҳҳои татбиқи амалии тавофуқҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда, раванди мувофиқасозии бастаи нави созишномаҳои дуҷониба ва дар ояндаи наздик баргузор намудани чорабиниҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фраҳангию гуманитарии Тоҷикистон ва Туркия табодули назар сурат гирифт.

Вохӯрӣ бо Сафири Туркия

Нигористон

Тақвим