Мулоқоти муовини якуми вазир бо сардори Раёсати муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллии Котиботи САҲА

11.09.2025 13:17

10 сентябри соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Вена бо сардори Раёсати муқовимат ба таҳдидҳои фаромиллии  Котиботи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Алена Купчина мулоқот анҷом дод.

Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА-ро дар чаҳорчӯби ченаки сиёсӣ ва низомӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои фаъол ва созанда дар ин самт метавонанд ба таҳкими субот, амният ва муборизаи муштарак бо таҳдидҳои фаромиллӣ дар минтақа мусоидат намоянд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо имконоти баргузории чорабиниҳои муштаракро дар доираи ченаки мазкур баррасӣ намуда, омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ изҳор доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим