10 сентябри соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Вена бо Дабири кулли Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ҷаноби Фаридун Синирлиоғлу мулоқот анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ, ҷонибҳо масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро дар чаҳорчӯби се ченаки асосии фаъолияти САҲА - низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ мавриди муҳокима қарор доданд. Таъкид гардид, ки ҳамкориҳои фаъол ва созанда дар ин самтҳо метавонанд ба таҳкими субот, амният ва рушди устувор дар минтақа мусоидат намоянд.
Омодагии тарафайн барои таҳкими минбаъдаи шарикӣ, бахусус дар заминаи муқовимат ба таҳдидҳо ва чолишҳои муосир, таъкид гардид.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan