18 октябри соли 2016 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи иҷлоси 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз Ал-Моликӣ мулоқот доир намуд.
Дар рафти суҳбат ҷонибҳо роҳҳои таҳким бахшидан ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Фаластинро мавриди баррасӣ қарор доданд.
