Машваратҳои сиёсӣ

13.09.2025 16:10

​​​​​

12 сентябри соли 2025 дар шаҳри Вена даври дувоздаҳуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистону Австрия таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини мудири кулл дар умури сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия Герҳард Зайллер баргузор гардид.

Дар машваратҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, сайёҳӣ, амният инчунин роҳандозии ҳамкориҳои судманд дар соҳаи манбаъҳои нерӯи таҷдидпазир мубодилаи афкори созанда сурат гирифт.

Ҳамчунин, мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҳайатҳо қарор дошт.

Тарафҳо рағбати худро ба густариши бештари муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимом таъкид доштанд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим