18 октябри соли 2016 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи иҷлоси 43-юми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ мулоқот доир намуд.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
