17 сентябри соли 2025 бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори консертии “Эрбар Зал”-и шаҳри Вена нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки оркестри "Кайзер-Валтс"-и Вена таҳти унвони “Тараннуми дӯстии байналмилалӣ” баргузор шуд.
Чорабинии мазкур бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои судманди фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Австрия ва муаррифии фарҳанги миллӣ дар маркази Аврупо танзим гардид.
Дар барномаи консертӣ намояндагони ҳайати дипломатии муқими Вена, доираҳои сиёсӣ, илмӣ ва тиҷоративу иқтисодӣ ва тоҷикистониёни муқими Вена ширкат варзиданд.
Барномаи “Тараннуми дӯстии байналмилалӣ” ба истиқболи гарми тамошобинон мувоҷеҳ гардид.
Аксҳо аз Society Magazin
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan