
18 сентябри соли 2025 дар доираи сафари корӣ, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо волии Трабзон Азиз Йилдирим мулоқот намуд.
Зимни муколамаи созанда, ҷонибҳо дурнамои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркияро дар сатҳи минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин таваҷҷуҳи хоса ба имкониятҳои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, рушди табодули фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳавасмандгардонии робитаҳои тиҷорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар зоҳир гардид.
Волӣ омодагии хешро ҷиҳати дастгирии лоиҳаҳое, ки ба таҳкими равобити иқтисодӣ ва пешбурди муколамаи башардӯстона нигаронида шудаанд, изҳор намуда, таъкид гардид, ки вилояти Трабзон ба густариши робитаҳо бо Тоҷикистон манфиатдор аст ва барои ҳамкорӣ дар таҳияи барномаҳои муштарак омода мебошад.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan