Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Юнонро қабул кард

10.11.2025 17:18

10 ноябри соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Юнон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Москва) Екатерини Ксагорариро қабул кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳавасмандиро барои рушди робитаҳои дуҷониба ва ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ изҳор намуданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ сафири Юнонро ба муносибати таъйин шуданаш ба ин вазифа табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти корӣ муваффақият таманно намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим