Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Гурҷистон

10.11.2025 18:25

10 ноябри соли 2025 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода сафири фавқулода ва мухтори навтаъйини Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Тошканд) Давид Катарияро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Муовини вазири корҳои хориҷӣ ба сафири нави Гурҷистон дар фаъолияти минбаъдаи дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим