Мулоқот бо вазири федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия

05.12.2025 18:08

5 декабри соли 2025 дар шаҳри Вена дар ҳошияи нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири федеролии корҳои Аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия хонум Беате Майнл-Райзингер баргузор гардид.

Ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, инчунин муносибатҳои ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Зимни мулоқот роҳбарони мақоми сиёсати хориҷӣ перомуни тавсеаи робитаҳо дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Ҳамсуҳбатон ба масоили таъмини амният, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи махсус карданд.

Вобаста ба ин, ҷониби Австрия изҳори омодагӣ кард, ки дар марҳилаҳои навбатӣ барои боздид аз Тоҷикистон бо мақсади баррасии робитаҳо дар самтҳои зикрёфта ҳайати баландмақом фиристад.

Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифт.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Тақвим