
21 январи соли 2026 вохӯрии сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Ниятбекзода Вафо бо вазири савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷии кишвари иқомат Агаханов Назар танзим карда шуд.
Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар бахши савдои тарафайн ва таҳкими робитаҳои иқтисодӣ баррасӣ карда, оид ба роҳҳои боз ҳам тақвият бахшидани ҳаҷми гардиши молу маҳсулоти мутақобила ва васеъсозии тамосҳои корӣ байни сохторҳову ташкилоти дахлдори ду кишвар ибрози андеша намуданд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan