23 ноябри соли 2016 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаянат Локукетагодаге-ро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолати муносибатҳои дуҷониба ва самтҳои дурнамодори ҳамкориҳоро дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла дар ҳавзаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, саноатӣ, маориф, фарҳанг ва саёҳат баррасӣ намуданд. Дар ин замина бар зарурати тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии робитаҳо ва таъсиси абзорҳои мусоидаткунанда ба густариши ҳамкориҳо дар самтҳои мазкур таъкид гардид.
Ҳамчунин атрофи ҳамкориҳои минбаъда дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштарак табодули назари судманд сурат гирифт.
