25 феврали соли 2026 дар шаҳри Лондон машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои марбути мақоми сиёсати хориҷии ду кишвар баргузор гардиданд.
Зимни машваратҳо ҷонибҳо атрофи дурнамои густариши ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, робитаҳои иқтисоди-тиҷоратӣ, ҷалби сармоя, инчунин рушди муносибатҳо дар соҳаҳои маориф, иқтисодию тиҷоратӣ, илм, фарҳанг, ва муҳоҷират зоҳир гардид.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои бисёрҷонибаро, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, муҳокима намуда, омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои созанда дар чаҳорчӯби ин сохторҳо иброз доштанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan