Иштирок дар вохурии якҷояи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ бо раис ва аъзои гуруҳи ҳамаҳизбии Парлумони (APPG) Подшоҳии Муттаҳида барои Осиёи Марказӣ

26.02.2026 06:21

25 феврали соли 2026 вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар вохурии якҷояи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раис ва аъзои ҳамаҳизбии Парлумони Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ барои Осиёи Марказӣ ширкат намуд.

Вазири корҳои хориҷӣ зимни суханронӣ иштирокдоронро бо авлавиятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равандҳои ҳамгироӣ дар Осиёи Марказӣ шинос намуда, аҳаммияти робитаҳои байнипарлумонӣ барои густариши ҳамкориҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Подшоҳии Муттаҳидаро таъкид кард.  

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим