Дар ҳошияи баргузории нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби «С5+1», 25 феврали соли 2026 дар бинои Парлумони Британияи Кабир мулоқоти донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои худ баргузор гардид.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни мулоқот бо ҳаёти донишҷӯёни тоҷик ва таҳсили онҳо дар муассисаҳои олии Британияи Кабир шинос шуд. Ибрози умед гардид, ки ҷавонони тоҷик баъди бомуваффақият хатм кардани таҳсил ба Тоҷикистон баргашта, донишу малакаҳои андухтаи хешро баҳри рушди Ватани худ равона хоҳанд кард.
Ҳамасола тавассути стипендияи президентии «Дурахшандагон» ҷавонони тоҷик ба кишварҳои мутараққӣ, аз ҷумла Британияи Кабир сафарбар гардида, дар риштаҳои иқтисод, сиёсат ва забономӯзии маъруфтарин донишгоҳҳои ин кишварҳо таҳсил мекунанд.
Қобили тазаккур аст, ки дар ҳошияи ин нишаст Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Иветт Куппер Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм, таҳсилоти олӣ ва омӯзишӣ забони англисӣ имзо намуданд. Ин санад ба тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи илм ва маориф имконоти нав фароҳам хоҳад овард.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan