
26 феврал 2026 дар шаҳри Лондон мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Иветт Куппер, баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф, амният, фарҳанг ва муҳоҷират баррасӣ карданд. Таъкид шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ ва соҳаи илму маориф зарфиятҳои истифоданашуда вуҷуд доранд.
Ҳамзамон содда гардонидани раванди гирифтани раводид ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ, афзоиши сайёҳон мусоидат намуда, баҳри таъсиси хатсайрҳои мустақим миёни Душанбе ва Лондон заминаҳои мусоидро фароҳам хоҳад овард.
Ҷонибҳо инчунин ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Пас аз анҷоми вохӯрӣ маросими имзои Ёддоштҳои тафоҳум дар соҳаҳои маориф ва маъдан баргузор шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan