29 ноябри соли 2016 дар шаҳри Будапешт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи пленарии Саммити оби Будапешт зери унвони “Мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об” ширкат ва суханронӣ кард.
Зимни суханронӣ Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба таҷрибаи миллӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мудирияти захираҳои об дар Осиёи Марказӣ, унсурҳои асосии Барномаи ислоҳоти соҳаи об барои давраи 2016-2025, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст, инчунин ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар чаҳорчӯби рӯзномаи обии Созмони Милали Муттаҳид ба вежа ташаббуси нав оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” дар давраи солҳои 2018-2028, ки дар назар аст моҳи декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шавад, тамаркуз кард.
Дар чорабинӣ инчунин Вазири захираҳои оби Сенегал Мансур Файе ва Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Кристиан Фриис ширкат ва суханронӣ карданд.