Қабули нусхаи эътимодномаи сафири Подшоҳии Белгия

14.04.2026 12:55

14 апрели 2026 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Подшоҳии Белгия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Остона) Эрик де Майерро қабул кард.

Ҷонибҳо атрофи ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Белгия ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн  мубодилаи афкор намуданд.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ сафири Белгияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик гуфта, ба ӯ дар рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо орзу намуд.

 

Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:

Мо дар Фейсбукwww.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ)www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграмt.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграмinstagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим