14-уми апрели соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода нусхаи эътимодномаи сафири навтаъйини фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Зимбабве дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Москва) Марк Грей Маронгверо қабул кард.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар намуданд.
Муовини вазири корҳои хориҷӣ сафири Ҷумҳурии Зимбабверо ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan