14 апрели соли 2026 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон брифинг доир ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 25-28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, доир гардид.
Зимни суханронӣ cафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон И. Насредин маълумоти муфассал роҷеъ ба чорабинӣ, омодагиҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонии Конфронс ироа намуд. Инчунин, сафир доир ба баргузории ҷаласаҳои мавзуӣ, чорабиниҳои канорӣ, форумҳо, таъсиси гӯшаи намоишгоҳи байналмилалӣ ва барномаҳои фарҳангӣ дар ҳошияи Конфронс, таъкид карданд.
Дар брифинг зиёда аз 30 намоянда, аз ҷумла роҳбарони сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сафирони кишварҳои хориҷии муқими кишвари иқомат, намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим ва намояндагони васоити ахбори омма ширкат доштанд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan