17–19 апрели соли 2026 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Фаррух дар Форуми дипломатии Анталия, ки ҳамасола дар шаҳри Анталия баргузор мегардад, иштирок намуд.
Форуми мазкур яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами сиёсати ҷаҳонӣ, амният ва ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.
Дар доираи Форуми дипломатии Анталия Шарифзода Фаррух дар ҷаласаҳои сатҳи баланд ширкат варзида, ҳамзамон дар ҳошияи чорабинӣ як қатор мулоқотҳои дуҷониба бо намояндагони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор намуд, ки дар рафти онҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Официальные страницы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан в социальных сетях:
Мы в Фейсбуке: www.facebook.com/mfa.tj
Мы в Tвиттере: www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мы в Телеграме: t.me/mfa_tj
Мы в Инстаграме: instagram.com/mfa_tjk