18 апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Анталия дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия хонум А. Беррис Экинджи баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои дуҷониба, густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, инчунин масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалиро баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи муколама ва таҳкими ҳамкориҳо таъкид карданд.
Официальные страницы Министерства иностранных дел Республики Таджикистан в социальных сетях:
Мы в Фейсбуке: www.facebook.com/mfa.tj
Мы в Tвиттере: www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мы в Телеграме: t.me/mfa_tj
Мы в Инстаграме: instagram.com/mfa_tjk