Брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии об

01.05.2026 14:37

29 апрели соли 2026 дар Ашқобод брифинг оид ба омодагӣ барои баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи “байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018–2028, ки аз 25 то 28 май дар Душанбе баргузор мешавад, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарон ва намояндагони корпуси дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок карданд.

Дар суханронии худ, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон, Ниятбекзода Вафо, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешбурди дипломатияи обӣ қайд карда, маълумот дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва раванди оби Душанбе пешниҳод намуд. 

Дар хотима, ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ ва намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 даъват гардиданд.

 

Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj

Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan

Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj

Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk

Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan

 

 

Нигористон

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақвим