Барқияи тасаллият ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

26.12.2016 08:26

25 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад:

«Муҳтарам Владимир Владимирович,

Хабари фоҷиабори суқути ҳавопаймои ҳарбӣ-нақлиётиро дар акваторияи Баҳри Сиёҳ, ки дар он хизматчиёни ҳарбии Русия, намояндагони гурӯҳҳои эҷодӣ ва воситаҳои ахбори омма қарор доштанд, бо андӯҳи гарон дарёфтам.

Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез мо дар Тоҷикистон дарди ин талафоти вазнинро якҷо бо Шумо қисмат мекунем.

Хоҳишмандам тасаллияти амиқ ва ҳамдардии моро ба тамоми наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед».

Нигористон

Тақвим