9 январи соли 2017 мулоқоти Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Юсуф Шарифзода бо Ноиби Президенти «Korean Air» Ким Тэ Чун баргузор гашт.
Дар ҷараёни мулоқот масоили тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва инчунин масъалаи имконияти кушодани хати сайри парвози мустақими Душанбе-Сеул-Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.