Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

08.07.2019 09:10

Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1992 Санади хотимавии Хелсинкиро имзо намуд. Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз соли 1994 оғоз ёфт.

Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Қарор оид ба таъсиси Миссияи САҲА дар Тоҷикистон, ҳанӯз 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд.

Тибқи қарори Шӯрои доимии САҲА аз 19 июни соли 2008 Маркази САҲА ба Дафтари САҲА дар Тоҷикистон тағйири ном кард.

Дафтари САҲА дар ҳошияи Ёддошти тафоҳум бо Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси се ченаки муайяншуда: ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодиву экологӣ ва инсонӣ, лоиҳаҳои гуногун амалӣ мекунад.

Оғоз аз соли 2000 нозирони САҲА ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.

Дар яке аз ҷаласаҳои  Шӯрои доимии САҲА рӯзи 3 апрели соли 2003 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори №537 дар бораи ба Афғонистон додани мақоми шарик барои ҳамкорӣ бо САҲА қабул гардид.

Рӯзи 1 июни соли 2017 Шӯрои доимии САҲА қарор таҳти №1251 бо иттифоқи оро аз ҷониби кишварҳои иштирокчии Созмон мандати нави Дафтар қабул гардид. Тибқи он Дафтари САҲА дар Тоҷикистон ба Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе табдил ёфт.

Дар чаҳорчӯби сиғаи нави ҳамкорӣ, Платформаи Шарикӣ байни САҲА ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи 11 апрели соли 2018 нахустин вохӯрии он ҷиҳати таҳияи равишҳои консептуалӣ дар рушди барномаҳои мавҷуда бо нуқтаи назар барои соли 2019 ва пас аз он, баргузор гардид.

Аз моҳи май то моҳи августи соли 2019 Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории САҲА раисӣ мекунад. 8 майи соли 2019 дар Вена Тоҷикистон барномаи раисии худро дар ин Форум пешниҳод намуд.

Айни ҳол, ҳамкорӣ бо САҲА бо назардошти дурнамои ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалӣ ва афзалиятҳои кишвар дар ченакҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-экологӣ ва инсонӣ, бахусус дар самтҳои ислоҳоти милитсия, пешгирии коррупсия, мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, зӯроварӣ дар оила, масъалаҳои гендерӣ, ҳуқуқи инсон, масъалаҳои сарҳадӣ, поксозии башардӯстонаи минаҳо ва иқтисодию экологӣ дар сатҳи лозима қарор дорад.

Шурӯъ аз 11 майи соли 2019 сафир Валериу Кивер (шаҳрванди Молдова) ба ҳайси Роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе фаъолият менамояд.

 

Нигористон

Тақвим