13 январи соли 2017 дар Париж маросими имзои Баённомаи муштарак оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Монако (Князигарӣ) барпо гардид.
Санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Фаронса Ҳомидҷон Назаров ва аз ҷониби Монако Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Монако (Князигарӣ) ҷаноби Клод Котталорда ба имзо расониданд. Баъди маросими имзои Баённомаи муштарак мубодилаи афкор оид ба густариши муносибатҳо дар самтҳои мутақобилан судманд, аз ҷумла дар соҳаҳои сайёҳӣ, маорифу фарҳанг, бонкдорӣ, масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.