Баҳси “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028” дар Минск

17.01.2017 13:43

12 январи соли 2017 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи якуми Шӯрои намояндагони доимӣ ва мухтори давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Зимни маҷлис бо пешниҳоди Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов ба рӯзномаи он нишаст мавзӯи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028”, ки бо қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ (A/RES/71/222) аз 21 декабри соли 2016 қабул гардидааст, ворид карда шуд. Қозидавлат Қоимдодов ҳозиринро бо мақсаду вазифаҳои даҳсолаи нави байналмилалӣ ва нақши он дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Устувор шинос намуд.

Қобили тазаккур аст, ки ташаббуси эълони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, 2018-2028” бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд.

Нигористон

Тақвим