19 январи соли 2017 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин брифинг барои намояндагони ВАО, бахшида ба қабули Қатъномаи МУ СММ “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”солҳои 2018-2028” барпо гардид.
Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода қайд кард, ки ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бори аввал аз ҷониби Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рафти Форуми 7-уми ҷаҳонии об ироа шуда буд. Мутобиқи Қатъномаи мазкур давраи солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” эълон мешавад, ки он аз 22-юми марти соли 2018 шурӯъ шуда, 22-юми марти соли 2028 ба анҷом мерасад.
Соли 2003 бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро қабул намуд, ки тибқи он давраи солҳои 2005 - 2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон шуда буд. Баъдан, дар чаҳорчӯби даҳсолаи мазкур МУ СММ ташаббуси дигари Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул кард.
Даҳсолаи нав идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” маҳсуб ёфта, ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад кард.
