20 январи соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Ҷумҳурии Индонезия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фостер Гултомро бинобар ба итмом расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар мавриди таҳкиму густариши бештари онҳо дар самтҳои мухталиф табодули назар карданд. Дар ин росто аҳамияти сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Индонезия моҳи августи соли 2016 ва идомаи татбиқи муштараки натиҷаҳои музокироти сатҳи олӣ дар Ҷакарта таъкид гардид.
