21 феврали соли 2017 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти васеи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар бо ҳайати Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ баргузор гардид.
Зимни он нишаст масъалаҳои марбут ба мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, инчунин тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ҷиҳати татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм ва ифротгароӣ барои солҳои 2016-2020 муҳокима гардиданд.
Қобили қайд аст, ки ҳайати мазкур аз намояндагони Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иборат буда, аз 20-ум то 24-уми феврали соли 2017 бо мақомоти дахлдори кишвар ба мақсади муҳокимаи роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо таҳдидҳои амниятии муосир вохӯриҳо анҷом хоҳад дод.