Дар саҳни бинои Қасри миллат маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, баргузор шуд.
Меҳмони олимақом Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самимона истиқбол гирифта, ба минбари ифтихорӣ даъват намуданд.
Дар маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ саф ороста, ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Русия ва намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе иштирок доштанд.
Дар расми истиқбол сурудҳои миллии ду давлат садо дода, зери навои ифтихорӣ роҳбарони Тоҷикистону Русия аз назди ҳайати Горди фахрӣ гузар намуданд ва Президенти Федератсияи Русия ба ҳайати сафоростаи низомӣ арзи салом карда, эҳтироми Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҷо овард.
Маросими бошукӯҳи истиқболи меҳмони олиқадр баъди шиносоии Сарони давлатҳо бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб анҷом ёфт.