3 апрели соли 2014 дар шаҳри Боку Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба ҳузур пазируфт.
Дар ибтидои суҳбат Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон созишҳои дар ҷараёни боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳосилшударо дар таҳким ва рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ намуд. Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон изҳори умедворӣ кард, ки инчунин сафари Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи робитаҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Дар навбати худ, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон салом ва таманниёти Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон расонида, паёми расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо даъвати боздид аз Тоҷикистон тақдим намуд.
Дар рафти вохӯрӣ қайд гардид, ки муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар асоси принсипҳои дӯстиву ҳамкорӣ, бо назардошти дурнамо ва манфиатҳои тарафайн густариш меёбанд.
Ҷонибҳо роҷеъ ба вазъи имрӯза ва рушди минбаъдаи муносибатҳои ду давлат, инчунин оид ба роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мубодилаи афкор намуданд.